Дар шаҳри Қурғонтеппа оид ба тарзи ҳаёти солим ҳамоиш доир гардид

Дар шаҳри Қурғонтеппаи вилояти Хатлон бо иштироки намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Дафтари Хазинаи нуфуси аҳолии СММ (UNFPA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсатҳои маорифу тандурустии вилоят, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят оид ба саломатии наврасон ва тарзи ҳаёти солим ҳамоиш баргузор гардид.
«Иштирокчиён оид ба масъалаҳои тарзи ҳаёти солим, тақвияти сиҳатӣ ва солимии репродуктивӣ, танзими оила, ҳуқуқҳои ҷавонон ва наврасон, ҳамкории муштарак дар самти тарғиби тарзи ҳаёти солим ва интишори маводи зарурӣ ибрози ақида намуданд»,- хабар дод манбаъ.
Ҳамоиш дар чаҳорчӯбаи барномаи кишварии Хазинаи нуфуси аҳолии СММ (UNFPA) дар Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 амалӣ мегардад.

АМИТ «Ховар»

Tags: