БА ТАБИБОН САРЗАНИШ ЭЪЛОН КАРДА ШУД. Ба навиштаи АМИТ «Ховар» оид ба ба камбудиҳои фавти модару кӯдак дар ноҳияи Файзобод и.в. Раиси ноҳия посух гуфт

Ба  навиштаи  хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар», ки 21 июли соли 2020 таҳти унвони «Паст намудани сатҳи фавти модару кӯдак-ҳадафи стратегии давлату ҳукумат. Дар ҳошияи нишасти матбуотии роҳбарияти ноҳияи Файзобод» чоп шуда буд, пас аз гузашти 6 моҳ аз номи иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Файзобод Бобишо Холзода   посух омад.

Дар зер матни пурраи он манзури хонандагони сомона гардонида мешавад:

«Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ба иттилои шумо мерасонад, ки маводи нашрнамудаи АМИТ «Ховар» оид ба ҳодисаи фавти модару кӯдак, ки дар нишасти  матбуотӣ матраҳ гардида буд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар асоси фармоиши сардухтури Беморхонаи марказӣ барои назорати дуруст набурдан ва ба иштибоҳ роҳ додани кормандони шуъбаи таваллудхона ба мудири шуъба, доя- гинеколог ва момодояи шуъбаи таваллудхонаи Беморхонаи марказӣ, ба муовини роҳбар оид ба модару кӯдак ва танзими оила, ба табиби оилавии кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия ва доя-гинекологи Маркази санитарии репродуктивӣ сарзаниш эълон карда шуд. Доя-гинеколог Мирзоева Шарқия, ки беаҳамиятӣ зоҳир карда буд, айни замон аз кор рафтааст.

Барои дар оянда роҳ надодан ба камбудиҳои фавти модару кӯдак аз тарафи роҳбарияти ноҳия ва мутасаддиёни соҳа тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, аз ҷумла бо кормандони беморхонаҳои марказӣ, минтақавӣ, КАТС ва тибби оилавӣ мунтазам суҳбату вохӯриҳо доир карда, дастурҳои ҷиддӣ дода мешаванд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва минбаъд роҳ надодан ба онҳо пайваста тадбирҳои мушаххас меандешад».

Ёдовар мешавем, ки 20 июли соли 2020 зимни нишасти матбуотии роҳбарияти ноҳияи Файзобод хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз масъулини соҳаи тандурустӣ сабабҳои муваққатан аз фаъолият бознадоштани ҳуҷраҳои таваллудхонаи ноҳияро, ки ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯ нестанд, фавти 3 модар дар соли 2018 ва марги  як модари ҷавон — Фарида Шариповаро  аз 16 июли соли 2020, ки аз ӯ се кӯдаки ноболиғ ятим монданд,  пурсон шуд.

Раиси ҳамонвақтаи ноҳияи Файзобод Миралӣ Раҷабзода зимни нишасти матбуотӣ марги ин модари ҷавонро   тасдиқ намуда, гуфт, ки «ман супориш додам сабаби марги ӯро дақиқ менамоянд». Инчунин Миралӣ Раҷабзода нисбат ба омори фавти модарон дар соли 2018 изҳори ташвиш карда, гуфт, ки ин шумора баробари омори фавти модарон дар як вилоят аст. Мавсуф норозигии хешро аз  фаъолияти кормандони таваллудхонаи ноҳия баён намуд.

Мавриди зикро аст, ки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1 сентябри соли 2018 зимни суханронӣ дар вохӯрӣ бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ва кормандони соҳаи тандурустӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил баён доштанд, ки «ҳадафи стратегии давлату Ҳукумат дар соҳаи тандурустӣ бо роҳи ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим таъмин намудани солимии аҳолӣ, беҳтар гардонидани нишондиҳандаҳои дарозумрии инсон, паст намудани сатҳи беморӣ, маъюбӣ, фавти модару кӯдак, пешгирӣ кардани бемориҳои гуногуни сироятӣ, баланд бардоштани сифати кумаки тиббиву санитарӣ, назорати бехатарии маводи доруворӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳа мебошад. Ба хотири расидан ба ин ҳадаф мо, пеш аз ҳама, бояд заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти тиббиро таҳким бахшем».

Сарвари давлат зимни ин суханронӣ зикр намуданд, ки “имрӯз дар кишвар сатҳи фавти модару кӯдак то андозае коҳиш ёфтааст. Аз рӯи маълумоти оморӣ, фавти модарон 24,1 нафар ба 100 000 зиндатаваллуд ва фавти кӯдакони то панҷсола 21 нафар ба 1000 зиндатаваллудро ташкил медиҳад. Вале ҳамин нишондиҳанда низ моро водор месозад, ки ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта тадбирҳои зарурӣ андешем».

Ба таъкиди Пешвои миллат, бо вуҷуди пешравиҳои зикршуда, дар фаъолияти як зумра муассисаҳои соҳа мушкилоте ба назар мерасанд, ки ҳалли онҳо аз роҳбарону масъулони соҳа ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вобаста мебошад.

Масалан, қисме аз муассисаҳои тиббӣ, аз ҷумла беморхонаҳо ва дармонгоҳҳо таъмирталаб буда, дар баъзеи онҳо таҷҳизоти муосир намерасанд, ки ин метавонад сабаби сари вақт нарасонидани кумаки тиббӣ ва фавт гардад.

АМИТ «Ховар»

Tags: