Ба нуқтаи тиббии Раёсати КҲФ дар Суғд 10 адад дастгоҳи оксигенератор супурда шуд

Ҳайати Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) бо сарварии профессор Александр Семёнов ва мутахассис оид ба бемориҳои сироятии СУТ дар Тоҷикистон Абдулаҳад Сафаров дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд  ҳолати омодабоши нуқтаи тиббии Раёсат барои қабули ҳайати шахсӣ бо бемориҳои сироятӣ, таъминоти таҷҳизот ва лавозимоти тиббиро санҷида, ба ин марказ 10 адад дастгоҳи оксигенератор супурд. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Онҳоро дар ин сафар муовини сардори Раёсати тиббии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники хизмати тиббӣ Ҳ. Тоҳиров раҳнамоӣ намуд.

Ҳамзамон дар толори Раёсат бо роҳбарии муовини сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд Анвар Қосимов бо намояндагони Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ мулоқот баргузор шуд.

Зимни он оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус дар байни ҳайати шахсӣ, чорабиниҳое, ки баҳри пешгирии интиқол ва паҳн нагардидани сирояти бемории коронавируси COVID-19 аз ҷониби роҳбарияти Раёсат ба роҳ монда шуда, чорабиниҳои зиддиэпидемикӣ, ки аз ҷониби гурӯҳи безараргардонии Раёсат ва корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар байни аҳолӣ, ки ҳамарӯза аз ҷониби шахсони масъули Раёсат ташкил ва гузаронида мешаванд, сухан рафт.

Профессор Александр Семёнов миннатдории худро ба роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати вилоят ҷиҳати корҳои ба сомон расонидашуда дар самти мубориза бар зидди бемории сироятии коронавирус  баён намуд.

АМИТ «Ховар»

Tags: