16 ноябр бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат баргузории беш аз 300 мусобиқаи варзишӣ дар назар аст.
Тавре аз маркази матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои футбол, волейбол, баскетбол, шоҳмот, шашка, гӯштини миллӣ, тарзи озод, юнону румӣ, дзюдо, таэквандо, каратэ, вазбардорӣ, навъҳои гуногуни варзиши сабук, гимнастикаи бадеӣ ва ғайраҳо доир карда мешаванд.
Мусобиқоти мазкур аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба нақша гирифта шуда, мақсад аз он оммавӣ гардонидани варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пеш аз ҳама, ҷонибдорӣ ва пайравӣ аз сиёсати варзишпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Мусобиқаҳои варзишӣ бо усули деҳа ба деҳа, инчунин дар марказҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо доираи васеи варзишгарону ҷавонон, наврасон ва алоқамандони ҳаёти солим доир карда мешаванд.
АМИТ «Ховар»