19 апрели соли 2018 дар шаҳри Пекин дар Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои Созмон ба кори худ шурӯъ кард, ки то 22 апрели соли равон идома хоҳад ёфт.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҳайати Тоҷикистон дар ин ҷаласа таҳти роҳбарии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода иштирок дорад.
Дар рафти ҷаласа масъалаҳои вобаста ба фаъолияти Созмон ва лоиҳаи ҳуҷҷатҳои бисёрҷониба ҷиҳати омодагӣ ба ҷаласаи дарпешистодаи вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СҲШ ва Ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои СҲШ, ки мутаносибан 23 -24 апрели соли 2018 дар шаҳри Пекин ва 9-10 июни соли равон дар шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мешаванд, мавриди муҳокима қарор мегиранд.
Иштирокдорони ҷаласа ҳамчунин масъалаи омодагӣ ба ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмонро, ки моҳи октябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, баррасӣ менамоянд.
АМИТ "Ховар"