Беш аз 30 масъалаи муҳими марбут ба ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии мамлакат дар иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум, ки 29 март баргузор шуд, баррасӣ ва ҷонибдорӣ гардиданд.
Аъзои Маҷлиси миллӣ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як зумра кодексу қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ ва ҷониборӣ намуданд.
Зимни баррасии масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия раисони Кумитаҳои палатаи болоии Парлумони мамлакат зикр карданд, ки қонунҳои мазкур ба таҳкими волоияти қонун дар ҷомеа, рушди соҳаҳои афзалиятноки иқтисодию иҷтимоии мамлакат нигаронида шудаанд.
Ҳамзамон дар иҷосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018» ҳисобот дод.
АМИТ «Ховар»