Ба истиқболи ҷашни байналмилалии Наврӯз 15 март дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавии «Аз Наврӯз то Наврӯз» баргузор мегардад.
Дар намоиш ашёи нави дорои моҳияти таърихию фарҳангӣ, ки давоми як сол, яъне аз Наврӯзи соли 2023 то Наврӯзи соли 2024 бо роҳҳои гуногун -экспедитсияҳо, харид, қабули туҳфа ҷамъоварӣ гардидаанд, пешкаши ҳамагон мегарданд. Ҳамзамон дар доираи намоиши анъанавии «Аз Наврӯз то Наврӯз» китобҳои тозанашри муассиса муаррифӣ мешаванд.
Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимии мардуми ориёитабор буда, аз қадимулайём дар радифи дигар идҳои аҷдодонамон, аз ҷумла Меҳргон, Сада ва Тиргон бо шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад. Наврӯз аз калимаи тоҷикӣ гирифта шуда, маънояш «рӯзи нав», «тоза», «рӯзи нахустин» буда, он таҷлилу тантанаи иди баҳор ва сароғози соли нав аст, ки ифодагари эҳёи табиат ва бедоршавии набототу ҳайвонот мебошад.
Ҷашни Наврӯз ба рӯзи аввали солшумории шамсӣ ё 21 марти солшумории мелодӣ рост меояд. Ин ҷашн таърихи шашҳазорсола дорад, ки аз қадимтарин ва куҳантарин иди мардуми ориёитабор маҳсуб мешавад. Аксарияти сарчашмаҳои таърихӣ пайдоиши Наврӯзро ба давраи ҳукмронии шоҳаншоҳи пешдодӣ Ҷамшед нисбат медиҳанд.
Соли 2009 Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгории ғайримоддии фарҳанги башарият дохил шуд. Соли 2010 бо пешниҳоди давлатҳои ҳавзаи Наврӯз, аз ҷумла Тоҷикистон дар иҷлосияи 64-ум аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон шуда, инак дар саросари ҷаҳон бошукуҳ таҷлил мегардад.