Аз 13 то 16 июн дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати нақлиёт муваққатан маҳдуд мегардад

Аз  13 то 16 июни соли равон  вобаста ба баргузории Саммити 5-уми Машварати ҳамкорӣ  ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО), ки рӯзҳои 14-15 июни соли 2019 дар шаҳри Душанбе доир мегардад, барои ҳаракати нақлиёт дар пойтахт  баъзе маҳдудиятҳо амалӣ карда мешавад.  Дар ин бора Раёсати Бозрасии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, дар ин рӯзҳо маҳдудияти ҳаракати нақлиёт тавассути  кӯчаву хиёбонҳои М.Мастонгулов, А.Дониш, С.Айнӣ, Рӯдакӣ, Сомонӣ, Теҳрон, Шероз, М.Турсунзода, У.Хайём, Ҳувайдуллоев, Ганҷавӣ, Карамов ва М.С.Алии Ҳамадонӣ, роҳҳои автомобилгарди Душанбе-Чаноқ, Душанбе-Турсунзода, Душанбе-Кӯлоб ва Душанбе-Лахш ба роҳ монда мешавад.

Аз  сокинон ва меҳмонони пойтахт  хоҳиш карда мешавад, ки дар ин рӯзҳо тавассути кӯчаҳои Зубунисо, Дӯстии Халқҳо, Н.Муҳаммад, Лоҳутӣ, Адҳамов, Ғ.Валаматзода, М.Назаршоев, Бухоро, Бохтар, Академик Раҷабовҳо, Ҳ.Шерозӣ ва дигар роҳҳои ҳамшафат ҳаракат намоянд.

АМИТ «Ховар»

Tags: