Имрӯз, 27 январи соли равон дар бинои «Қасри афсарон»-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Анҷумани ғайринавбатии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон баргузор мешавад.
Тибқи иттилои манбаъ, мақсади асосии Анҷумани ғайринавбатии Иттифоқи ҷавонон- ин ба нақша гирифани фаъолияти Иттифоқ, дар сатҳи баланд таҷлил намудани Соли ҷавонон ва 20- солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ мебошад. Ҳамчунин масъалаи қабули Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегиранд.
Дар кори анҷуман намояндагони вазорату идораҳо, минтақа ва вакилони анҷуман иштирок менамоянд.
АМИТ "Ховар"