«Амонатбонк» ва «Беларусбанк» табодули таҷриба мекунанд

Байни Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»,  «Беларусбанк» ва «РСК БАНК»- Қирғизистон дар доираи ҷаласаи 15-уми Иттиҳоди Байнибонкии  /ИББ/ Созмони Ҳамкории Шанхай /СҲШ/, ки дар шаҳри Чолпон-Отаи Қирғизистон доир  гардид, Созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида  шуданд. Санадҳои ҳамкориро раиси Раёсати «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ раиси Раёсати ҶСК «Беларусбанк» Виктор Ананич ва раиси Раёсати  «РСК БАНК»-и Қирғизистон Азизбек Оморкулов имзо намуданд.

Тавре аз БДА «Амонатбонк» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Созишномаҳои баимзорасида барои тақвияти густариши ҳамкории байнибонкии  кишварҳои аъзои ИББ СҲШ нақши муассир мегузоранд.

Ҳамзамон дар доираи ҷаласаи 15-уми ИББ СҲШ раиси «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ бо раиси ҶСК «Беларусбанк» Виктор Ананич вохӯрӣ анҷом дода, дар он масоили густариши ҳамкории муштарак байни «Амонатбонк» ва «Беларусбанк»-ро баррасӣ намуданд. Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар меҳвари мулоқот қарор дошт, ифтитоҳи суратҳисобҳои муросилотӣ миёни бонкҳо, ҳамзамон табодули таҷрибаи тарафайн, такмили дониши мутахассисон дар марказҳои таълимии «Беларусбанк» ба шумор мерафт. Тавсеаи ҳамкорӣ  ҷиҳати ҷалби сармоя ва баланд бардоштани дониши мутахассисони соҳа саривақтӣ буда, барои соҳибкорони ватанӣ  низ дар самти воридот ва содироти молу маҳсулот манфиатовар мебошад.

Мусаллам аст, ки  Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» узви Иттиҳоди байнибонкии Созмони  Ҳамкории Шанхай буда, ҳамасола дар ҷаласаҳои  он иштирок менамояд.

АМИТ «Ховар»

Tags: