Аз 11 то 21 ноябр аз ҷониби Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар ҳудуди пойтахт амалиёти «Пиёдагард» гузаронида шуд. Давоми 8 рӯз, яъне аз 11 то 18 ноябр дар натиҷаи гузаронидани ин амалиёт нисбат ба 1570 нафар пиёдагардон барои вайрон намудани талаботи «Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ», ба мисли гузаштан аз ҷойҳои муқаррарнашудаи роҳ, тибқи талаботи моддаи 340 қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойи қоидавайронкунӣ бо истифода аз баргаҳои ҷаримавӣ ба андозаи 6 сомонию 88 дирам ҷарима шуданд.
Тавре аз маркази матбуоти Раёсати мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, амалиёти мазкур бо мақсади баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, махсусан пиёдагардон дар кӯчаву роҳҳои мошингарди пойтахт, коҳиш додани сатҳи садаманокӣ бо иштироки онҳо дар ҳудуди пойтахт гузаронида мешавад.
«Таҷриба ва мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки бо сабаби нобаробар будани нишондодҳои асосии суръати ҳаракати пиёдагардон дар кӯчаву роҳҳо, дар ҷойҳои муайянгардида – истгоҳҳо интизори воситаҳои нақлиёти мусофиркаш нагаштани онҳо, якбора давида баромадан ба қисми мошингарди роҳ, истифода набурдан аз гузаргоҳҳои зеризаминию рӯизаминӣ сабабгори афзоиши босуръати зеркунии пиёдагардон гардидааст», — афзуд манбаъ.
Бо вуҷуди андешидани тадбирҳои зарурӣ дар ин ҷода ҳанӯз ҳам дар ҷумҳурӣ масъалаи дар натиҷаи садамаҳои нохуши нақлиётӣ маҷрӯҳ ва ҳалок гардидани шаҳрвандон нигаронкунанда боқӣ мемонад.
Тибқи иттилои масъулини соҳа, аз аввали сол то моҳи ноябр дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ 107 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 317 нафар ба ҳалокат расида, 1100 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Ҳарчанд ин нишондод мутаносибан ба ҳамин давраи соли гузашта коҳиш ёфтааст, аммо ин масъала ҳанӯз ҳам ташвишовар аст.
Соли гузашта 181 садамаи нақлиётӣ рух додааст, ки дар натиҷаи он 329 нафар ҳалок шуда, 1134 каси дигар маҷрӯҳ гардида буданд.
Дар ин зимн, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз тамоми сокинон ва меҳмонони пойтахт даъват ба амал меоварад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо қоидаҳои ҳаракат дар онро риоя намоянд, роҳҳои мошингардро аз ҷойҳои муқарраршуда, аз гузарҳои зеризаминию рӯизаминӣ гузашта, ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар нагузоранд.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»