17, 18 ва 19 феврали соли равон дар роҳҳои мошингарди Душанбе-Хоруғ-Мурғоб, Рашт-Ҷиргатол ва махсусан дар роҳи Душанбе-Хуҷанд лағзиши тармаҳои калон ба қайд гирифта шуд. Бино ба маълумоти аҳолии маҳаллӣ, чунин боришоти зиёд ва тармафароӣ тайи 20-30 соли охир рух надода буд.
Дар натиҷаи лағзиши беш аз 80 тарма ва барфи шадид дар ин рӯзҳо 75 нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе-Айнӣ баста шуданд. Айни замон роҳ баста аст.
Барои ташкили кор оид ба интиқол додани аҳолӣ ба ҷойҳои бехафв ситодҳои муштараки байниидоравӣ дар километрҳои 48 ва 72-юми шоҳроҳи Душанбе-Айнӣ таҳти роҳбарии муовини аввал ва муовини Раиси кумита таъсис дода шуданд. Дар натиҷаи кор аз 17 то 20 феврал 78 нафар мусофирон ва ронандагони нақлиёти автомобилӣ кӯчонида шуданд.
Барои тоза кардани роҳ ширкати «Innovative Road Solutions» (IRS) техникаи махсус ҷудо кардааст.
Дар минтақаҳои фаромадани тарма баҳри таъмини бехатарии аҳолӣ постгоҳҳои БДА ва ширкати роҳии IRS гузошта шудаанд.
Вазъияти мушкил дар роҳи Ванҷ-Хоруғ-Мурғоб боқӣ мемонад. Он ҷо бо сабаби фаромадани сангрезиҳо ва лағзиши тарма роҳ баста шудааст. Барои бартарафсозии ин ҳолат Ситоди ҳолатҳои фавқулода таҳти роҳбарии Раиси вилоят таъсис дода шудааст, ки шабонарўз фаъолият дорад.
Бино ба иттилои манбаъ, хавфи фаромадани тарма 5-8 рӯзи дигар боқӣ мемонад.
АМИТ «Ховар»