АКНУН БА АФРИҚО МЕРАВЕМ! Бозиҳои навбатии олимпии наврасон-2022 дар Сенегал баргузор мегарданд

Бозиҳои IV тобистонаи олимпии наврасон дар кишвари африқоии Сенегал баргузор хоҳанд шуд. Тасмими мазкур дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар Буэнос-Айрес гирифта шуд.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, ин аввалин бозиҳои олимпӣ хоҳад буд, ки дар   Африқо  мегузаранд. Ҷумҳурии Сенегал, ки дар ғарби қитъаи Африқо ҷойгир шудааст, аз соли 1960 ҳамчун  давлати соҳибистиқлол узви СММ мебошад ва яке аз кишварҳои муътадил рушдёбандаи қораи мазкур ба ҳисоб меравад.

Аҳолии Сенегал беш аз 10 миллион нафарро ташкил имедиҳад, ки аксари онҳо ҷавонон мебошанд ва варзишро дӯст медоранд. Тавре медонем, пойтахти ин кишвар бо автомарафони «Ралли: Париж-Дакар» машҳур аст. Ин пойгаи автомобилиро нахустин бор мотосиклрони фаронсавӣ Тйерри Сабин таъсис дода буд ва он аз соли 1978 инҷониб ҳар сол доир карда мешавад.

Мавриди зикр аст, ки Бозиҳои олимпии наврасон дар рушди варзиш ва сиёсати ҷавонони ин кишвар мусоидат хоҳанд кард. Президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах дар ҷаласаи Буэнос — Айрес гуфт: «Африқо барои баргузории Бозиҳои олимпии наврасон-2022 сари Сенегал қарор гирифт. Бо аҳолии ҷавон ва таваҷҷуҳ ба варзиш навбат ба Африқо, навбат ба Сенегал расид».

Мусобиқоти Бозиҳои олимпии наврасон дар се шаҳр хоҳанд гузашт: шаҳри таърихии Дакар, шаҳри муосири Диамянио ва шаҳри соҳилии Сали.

Ҷаласаи Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар доираи Бозиҳои 3-юми олимпии наврасон дар  шаҳри Буэнос-Айреси Аргентина, ки аз 6 то 18 октябр ҷараён мегиранд, баргузор шуд.

АМИТ «Ховар»

Tags: