Дар маҳаллаи «Дашти Боло»-и шаҳри Хоруғ маросими ба истифода додани хатти оби нӯшокӣ аз шоҳқубури Боғивдара то маҳаллаи Хичордев баргузор гардид. Дар маросими ифтитоҳи иншоот раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов, шарикони рушд ва сокинон ширкат намуданд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар маросими ба истифода додани хатти оби ошомиданӣ роҳбари вилоят сухан карда, ҳадафи асосии лоиҳаро дастрасӣ ба беҳдошт ва таъмини ҳарчи бештари сокинони шаҳри Хоруғ бо оби тозаи ошомиданӣ маънидод кард.
Лоиҳа аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария маблағгузорӣ карда шуд. Паймонкори лоиҳа ширкатҳои ватании ҶДММ «Помир-энергосервер» ва КВД «Бадахшон-роҳсоз» ба ҳисоб рафта, хатти оби нӯшокӣ аз масофаи 2,7 километр тавассути қубури диаметраш 150 миллиметру 15 сантиметр оварда шуд.
Роҳбари дафтари Швейтсария оид ба рушд дар Тоҷикистон Валбург Рус зикр намуд, ки бо татбиқи ин лоиҳа беш аз як ҳазор хоҷагии шаҳри Хоруғ, ки 5, 5 ҳазор аҳолиро дар бар мегирад, пурра бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардиданд.
Раиси вилоят Ёдгор Файзов иброз намуд, ки «агар 10 сол пеш дастрасии сокинони вилоят ба оби нӯшокӣ 47 фисадро дар бар мегирифт, имрӯз ин нишондод 80 дарсадро ташкил медиҳад. Тайи солҳои охир дар ин самт 4 миллион доллар харҷ гардидааст».
Барои бунёди хати оби нӯшокӣ 1,4 миллион сомонӣ маблағи шарикони рушд равона шудааст, ки дар радифи сокинон боз 100 идораю муассисаи ҳудуди шаҳр бо оби ширин таъмин хоҳанд гардид.
АМИТ «Ховар»