25-28 июли соли равон бо сабаби ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидани анбӯҳи ҳавои гарму хушки эронӣ тавассути қаламрави Ҷумҳурии Туркманистон эҳтимоли баландшавии ҳарорати рӯзонаи ҳаво дар ҷумҳурӣ дар назар дошта шудааст.
Тавре аз Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ин рӯзҳо дар ноҳияҳои шимолӣ ва марказӣ ҳаво то 40+42, дар ноҳияҳои ҷанубӣ то 42+44 ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ то 30+35 дараҷа гармӣ дар назар дошта шудааст.
Бо сабаби баландшавии ҳарорати ҳаво дар дарёҳои Панҷ, Ғунд, Зарафшон ва Вахш баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад.
Инчунин 25-28 июл дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои ғарбии вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба вуҷуд омадани боронҳои сел аз эҳтимол дур нест.
АМИТ «Ховар»