625 нафар занони хонанишини деҳот бо шуғли парандапарварӣ фаро гирифта шуданд

Дар шашмоҳаи якуми соли равон дар доираи татбиқи лоиҳаи давлатии сармоягузории «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо-II» бо мақсади зиёд намудани саршумори парандаҳои хонагӣ, таъминоти бозори маҳаллӣ  бо гӯшти парҳезӣ, тухм, инчунин зиёд намудани маҳсулоти дохилӣ ва бо шуғли доимӣ фаро гирифтани занони деҳот 125 гурӯҳи ташаккули фаъолияти даромадовар барои занон бо фарогирии 625 зан дар самти парандапарварӣ бо инкубатори чӯҷабарори хонагӣ дастгирӣ карда шуд,- гуфт 30 июл зимни нишасти матбуотӣ Директори Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо»  Абдулаҳад Хоҷазода.

Абдулаҳад Хоҷазода афзуд, ки дар ин давра бо истифода аз инкубаторҳои дастрасгардида ба миқдори 22 ҳазору 267 сар чӯҷаи мурғи хонагӣ ва 10 ҳазору 881 сар чӯҷаи мурғи марҷон истеҳсол карда шуд.

Ҳамзамон ба 497 нафар занони ниёзманди деҳаҳои зерҳадафи лоиҳа 2412 сар чӯҷаи мурғи хонагӣ ва 890 сар чӯҷаи мурғи марҷон ройгон дастрас гардид.

АМИТ «Ховар»

Tags: