33 адад корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ бо таъсиси 1600 адад ҷойҳои нави корӣ фаъолиятро оғоз намуданд — бардошт аз иҷлосияи вакилони шаҳри Душанбе

Соли 2020 дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе  33 адад корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ бо таъсиси 1600 адад ҷойҳои нави корӣ фаъолиятро оғоз намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 800 ҷойи нави корӣ бештар мебошад. Ҳамзамон  дар натиҷаи ба кор даровардани коргоҳу корхонаҳо ва баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии онҳо  беш аз 24 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуд. Новобаста аз таъсири бемории сироятии короновирус (COVID-19) дар ин давра тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида, тамоюли мусбии аксари соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва устувории нишондиҳандаҳои асосии иқтисодии шаҳр таъмин карда шуд.

Дар ин хусус Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар  иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум, ки имрӯз  дар бинои Маркази тадқиқоти стратегӣ доир гардид,  иттилоъ доданд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, дар иҷлосия   Рустами Эмомалӣ  зимни пешниҳоди  ҳисобот “Дар бораи Лоиҳаи буҷети шаҳри Душанбе барои соли 2021 ва тасдиқи иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2019»  иброз намуданд, ки   ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз ҷониби 475 корхонаҳои саноатӣ ба 2,4 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 106,2 фоизро ташкил медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар пойтахти мамлакат  Иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор гардид, ки дар он  вакилон масъалаҳо  «Дар бораи лоиҳаи буҷети шаҳри Душанбе барои соли 2021 ва тасдиқи иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2019», «Иҷрои барномаҳои давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соҳаи ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳӣ»,  «Ҳисоботи Раиси шаҳри Душанбе «Оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар соли 2020 ва вазифаҳо барои соли 2021», инчунин тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанберо мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор доданд.

Дар оғози кори иҷлосия, лоиҳаи буҷети шаҳри Душанбе барои соли 2021 ва тасдиқи иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2019 баррасӣ шуд.

Маҷлиси вакилони халқ қарор кард, ки буҷети шаҳри Душанбе барои соли 2021 аз рӯи даромад ва хароҷот ба  маблағи ­2 316 300 000 (ду миллиарду сесаду шонздаҳ миллиону сесад ҳазор)  сомонӣ қабул карда шавад. Ҳамчунин ҳисобот оид ба иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2019 аз рӯи даромад ба маблағи 2 053 303 587 (ду миллиарду панҷову се миллиону сесаду се ҳазору панҷсаду ҳаштоду ҳафт) сомонӣ ва аз рӯи хароҷот ба маблағи 1 958 709 766 (як миллиарду нуҳсаду панҷову ҳашт миллиону ҳафтсаду нуҳ ҳазору ҳафтсаду шасту шаш) сомонӣ  тасдиқ карда шуд.

Дар иҷлосия ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки мувофиқи маълумоти пешакии оморӣ Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар ин давра ба 10,4 миллиард сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши воқеии он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 фоиз афзуд ва саҳми он дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) 19 фоизро ташкил дод.

Дар соли 2020 рушди Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ асосан аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 106 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 105 фоиз, гардиши савдо 103 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 106 фоиз ва боркашонӣ 109 фоиз таъмин гардидааст.

Аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокимашаванда қарорҳои дахлдор қабул гардид.

АМИТ «Ховар»

Tags: