То 16-уми феврал хатари лағзиши тарма боқӣ мемонад

Бар асари боришоти пайвастаи барфу борон дар ду рӯзи охир ва лағзиши тармаву резиши санг қитъаҳои гуногуни роҳҳои мошингарди Душанбе-Чаноқ ва Хоруғ-Ишкошим баста шуданд. Барои тоза кардани роҳҳо нерӯҳо ва воситаҳои техникии хадамоти роҳи Вазорати нақлиёт, бахши хадамоти роҳи ширкати Innovative Road Solutions (IRS), мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ҷалб карда шудаанд.

Бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар то 16-уми феврали соли 2019 хатари лағзиши тарма ва резиши санг дар роҳҳои кӯҳӣ боқӣ мемонад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолӣ ва меҳмони кишвар бо як ҷаҳон эҳтиром хоҳиш мекунад хеле ҳушёру зирак бошанд ва ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ ҳама қоидаҳои бехатариро риоя намоянд.

Кумита тавсия медиҳад, ки дар ин гуна рӯзҳои хатарзову пурбориш аз сафарҳои безарурат худдорӣ кунанд. Рафатан ба саҳрову доманакӯҳҳо, шикору омода кардани ҳезум ва ғайраро то фаро расидани фурсати муносиб мавқуф гузоранд.

Кӯшиш кунед ҷони худ ва ҳамсафарон ва пайвандону наздиконатонро дар хатар наяндозед!

Манбаъ: КҲФ Тоҷикистон http://www.khf.tj/node/1227

Tags: