14-15 июн дар баъзе кӯчаҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан маҳдуд карда мешавад

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  ба таваҷҷуҳи ронандагони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ва сокинону меҳмонони пойтахт мерасонад, ки 14-15 июни соли равон дар кӯчаҳои А. Дониш, С. Айнӣ,  А. Рӯдакӣ,  И. Сомонӣ ва Н. Ганҷавии шаҳри Душанбе ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёт, ба ғайр аз автобусу троллейбусҳо дар соатҳои муайян маҳдуд карда мешавад.

Тавре  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ин маҳдудият бо мақсади таъмини ҳаракати воситаҳои нақлиётӣ дар рӯзҳои баргузории Саммити 5-уми Машварати ҳамкорӣ  ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ҷорӣ  мешавад.

«Дар ин робита аз сокинону меҳмонони пойтахт  эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки аз хизматрасонии автобусу троллейбусҳо истифода баранд. Ронандагони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, метавонанд аз кӯчаҳои ҳамшафат истифода баранд», -илова намуд манбаъ.

АМИТ «Ховар»

Tags: