Дар Вазорати молия аҳамият ва самараи татбиқи Қонун «Дар бораи мубориза бо коррупсия»-ро баррасӣ намуданд

Аҳамият ва самараи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо коррупсия» ва ҷараёни иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» аз мавзӯъҳое буданд, ки дар ҳамоиш – семинаре дар  Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  мавриди барасӣ қарор гирифтанд.

Дар ҳамоиш сармуҳосибони беш аз 44 вазорату идораҳо – иштирокчиёни бевоситаи ҷараёни татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ширкат варзиданд.

Вобаста ба мавзӯъҳои матраҳшавандаи ҳамоиш-семинар  намояндагони Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза намуда, бо натиҷа аз санҷишҳои анҷомгирифтаи соҳавӣ таваҷҷуҳи ширкаткунандагонро ба мақсадноку пурсамар ва аз рӯи таъйинот  истифода бурдани  маблағҳои буҷетӣ ҷалб намуданд.

Зикр гардид, ки масъалаҳои баррасишуда воқеан бозгӯи касбияти кории масъулини соҳа буда, барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию молиявии мутахассисони Вазорати молия, вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва махсусан сармуҳосибони корхонаю ташкилотҳои буҷетӣ, пеш аз ҳама, дар самти самаранок ва мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ ва роҳ надодан ба амалҳои коррупсионӣ созгор мебошад.

Дар ҳамоиш Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода зикр намуд, ки ин гуна ҳамоишҳои дастҷамъона баҳри таъмини иҷрои саривақтӣ ва истифодаи мақсадноки маблағҳои Буҷети давлатӣ таъсири мусбат расонида, дар амалисозии сиёсати ягонаи давлатӣ, ки ҳадафи он таъмини шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи шаҳрвандонамон мебошад, мусоидати бештар хоҳад намуд.

АМИТ "Ховар"

Tags: