Зиёда аз сесад нафар тоҷикон дар чорабинии маърифатӣ-таърихии умумироссиягии «Диктанти Ғалаба» ширкат варзиданд

Дар чорабинии маърифатӣ — таърихии умумироссиягии «Диктанти Ғалаба», ки соли дуюм инҷониб дар Россия ва дигар кишварҳои хориҷаи наздику дур бо мақсади ҷалби оммаи васеъ ба омӯзиши таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ, баланд бардоштани саводнокии таърихӣ ва тарбияи ватандӯстии ҷавонон, ҳифзи хотираи ҷанг баргузор мешавад, зиёда аз сесад нафар тоҷикон ширкат варзиданд, хабар медиҳад намояндагии «Россотрудничество» дар Тоҷикистон.

«Маҷмӯан, дар Тоҷикистон 349 нафар ба ин чорабинӣ ҳамроҳ шуданд ва аксарияти онҳо пештар аз вақти ҷудошуда — 45 дақиқа вазифаҳои худро иҷро намуданд», — хабар медиҳад манбаъ.

Яке аз вазифаҳои калидии ин чорабинии миқёсан бузурги таълимӣ ва таърихӣ ин барои иштирокчиёни диктант фароҳам овардани имконияти санҷиш ва дарёфти баҳои беғаразона барои донишашон дар бораи рӯйдодҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ мебошад.

Зиёда аз сад нафар — омӯзгорон ва донишҷӯён дар заминаи шарикони намояндагии “Россотрудничество”: дар филиали душанбегии НИТУ «МИСиС» ва Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон «Диктанти ғалаба» навиштанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: