Иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 июн дар Душанбе баргузор мегардад

26 июни соли 2020, соати 09:00 дар шаҳри Душанбе иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Дастгоҳи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

 Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 июни соли 2020 аз соати 08:00 то соати 17:00 ва 26 июни соли 2020 аз соати 07:00 то 08:00 дар бинои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ошёнаи сеюм, шӯъбаи ташкилӣ ба қайд гирифта мешаванд.

Телефонҳо барои тамос: 221-98-35,  221-12-47

/АМИТ Ховар

Tags: