Имрӯз дар толори бузурги Кохи Борбад ба истиқболи 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Ин тантанаи бошукӯҳи идона бо ворид шудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба толор ва садо додани Суруди миллии Тоҷикистон оғоз шуд.
Дар ҷамъомади тантанавӣ аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ, фаъолону собиқадорони ҷумҳурӣ, ҷавонон, намояндагони сершумори кормандони касбу кори гуногун ва сафирони кишварҳои хориҷи муқими Тоҷикистон иштирок карданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии табрикии худ Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро беҳтарин ва пурарзиштарин неъмат дар таърихи муосири миллати куҳантамаддуни тоҷик номида, аҳли толор ва мардуми кишвар, ҳамчунин кулли ҳамватанону ҳамзабонони бурунмарзиро бо солгарди 25-уми ин дастоварди олӣ табрику таҳният гуфтанд.
Зимни суханронии хеш Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастовардҳои тамоми соҳаҳо, шуруъ аз давраи баъди ҷанги шаҳрвандӣ, баргардонидани гурезаҳо, таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ, рушди иқтисодиёт, барқарорсозии шохаҳои фалаҷгаштаи ҳокимият, қабули конститутсия ва рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла парчаму суруди миллӣ, нишони давлатӣ, ислоҳоти соҳаҳо ба хотири таъмини зиндагии шоистаи мардум, интихоби се самти асосию стратегӣ ва қабули барномаҳои давлатии стратегии рушд андешаронӣ намуданд. Ноил шудан ба ҳамаи ин дастовардҳоро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хоҳишу талошҳои мардуми тоҷик бо ҷонибдорӣ аз сиёсати роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар мансуб донистанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки “Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад” ва ба андешаи Сарвари давлат халқи мо маҳз бо шарофати ин рӯйдоди бузурги таърихӣ соҳиби рамзҳои давлатии худ — Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва Конститутсия шуд ва Тоҷикистони азизи мо аз ҷониби ҷомеаи башарӣ ҳамчун давлати мустақил эътироф гардид.
Таъкид гардид, ки Иҷлосияи 16 — уми Шӯрои олии Тоҷикистон, ки баъдан тақдирсоз унвон гирифт, аҳаммияти таърихӣ дошта, барои пойдории сулҳу субот ва таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ дар мамлакат саҳми муносиб гузошт. Давра ба давра миллати тоҷик соҳиби конститутсия ва парламенти касбии худ гардид ва дар асоси моддаву бобҳои бахтномаи миллат мардум роҳ ба суи фатҳу кушоишро пеш гирифт.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки ба туфайли амалӣ гардидани стратегияву барномаҳои миллӣ дар 15 соли охир суръати миёнасолонаи рушди иқтисодии кишвар ба 7,8 фоиз баробар шуда, даромади буҷети давлатӣ аз 300 миллион сомонӣ то 18 миллиард сомонӣ афзоиш ёфт. Ҳамзамон бо ин, даромади аҳолӣ 25 баробар ва пасандозҳо беш аз 85 баробар зиёд гардиданд. Сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат қариб се баробар коҳиш ёфта, аз 83 фоизи охири соли 2000-ум то 31 фоиз дар соли 2015 паст карда шуд.
Дар даврони истиқлолият шумораи аҳолии мамлакат аз панҷуним миллион то 8 миллиону 700 ҳазор нафар, яъне 1,6 баробар афзоиш ёфта, сатҳу сифати зиндагии мардум куллан беҳтар гардид ва дарозумрии миёнаи шаҳрвандон то 73,5 сол боло рафт.
Сарвари давлат таъкид доштанд, ки давоми 25 соли соҳибистиқлолӣ мардуми шарафманди тоҷик бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи ҳукумати кишвар дар роҳи бунёди роҳу пулҳои мошингузар, роҳҳои оҳан, нақбҳо, неругоҳҳои хурду бузурги барқӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд ва қаламрави сепорчаи Тоҷикистон танҳо дар замони истиқлолият ба як кишвари воҳид табдил ёфт. Дар замони истиқлолият беш аз 2000 километр роҳ, 240 пул ва зиёда аз 30 километр нақбҳои мошингузар ба маблағи умумии беш аз 11,4 миллиард сомонӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шуданд.
Дар самти расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ бошад, дар замони истиқлолият низоми ягонаи энергетикии кишвар бунёд гардида, зиёда аз 1300 мегаватт иқтидорҳои нави истеҳсолӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Илова бар ин, дар оянда бо мақсади комилан ноил шудан ба ин ҳадафи стратегӣ беш аз 30 миллиард сомонӣ равона мегардад.
Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи ҳозиринро бо ин санаи муҳими таърихӣ табрику муборакбод гуфта, таъкид доштанд, ки бояд мардуми тоҷик Истиқлолияти давлатӣ ва давлати мустаъқили Тоҷикистонро неъмати бебаҳо шумурда, онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд ва ҳамеша пос доранд.
Ҷамъомади тантанавиро ба муносибати таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон барномаи рангини консертии устодони санъати тоҷик, ки таҷассумгари дастовардҳои мардуми шарифи тоҷик давоми солҳои соҳибистиқлолӣ буд, хотима бахшид.