ЗАБОНИ ТОҶИКӢ – ЗАБОНИ ИЛМУ ТАМАДДУН. Ба истиқболи Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки ҳамасола  дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил мегардад, 5  октябр дар  Китобхонаи миллии Тоҷикистон  ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ доир  мешавад. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз созмондиҳандагони ҳамоиш мебошанд. 

Дар ҳамоиш масъалаҳои  марбут  ба забоншиносии муосир баррасӣ гардида,  олимони забоншинос маърӯза карда, ҳамзамон дар васфи  забони тоҷикӣ шеърҳо қироат карда мешаванд.

Бояд тазаккур дод, ки рушду ташаккули забони давлатӣ  дар замони Истиқлолият  аз омилҳои асосии  пешрафти илму фарҳанги кишвар ба шумор меравад. Забони тоҷикӣ  дар тӯли ҳазорсолаҳо, новобаста ба гирудорҳои таърихӣ мақому манзалати худро  ҳифз намуда, дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ  маҳз бо талошҳо ва иқдомҳои наҷибонаи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон пайваста дар рушду такомул қарор дорад.  Ҳамзамон дар ин самт бузургони илму адаб  пашӯҳишҳо  анҷом додаанд ва таҳқиқоти муосири забоншиносон гувоҳи он аст, ки забони тоҷикӣ воқеан  яке аз забонҳои илму тамаддун маҳсуб мешавад.

АМИТ "Ховар"