ВМКБ: Раёсати «Тоҷикстандарт» дар ду моҳ 320 нафар соҳибкорро ба маблағи 73 ҳазор сомонӣ ҷарима баст

ВМКБРаёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон давоми ду моҳ 1461 кг маҳсулоти   хӯрокворӣ ва 2 ҳазор шиша нӯшокиҳои спиртии ғайристандартиро аз муомилот  берун намуда,  320 нафар соҳибкори инфиродиро  ба маблағи беш аз 73 ҳазор сомонӣ ҷарима баст.

Мудири озмоишгоҳи маҳсулоти хӯроквории раёсати мазкур  Ҷамила Маликова гуфт, ки дар рӯзҳои иди Наврӯз талабот ба маҳсулоти хӯрокворӣ бамаротиб афзоиш меёбад. Баъзе аз фурӯшандагон бо истифода аз ин фурсат маҳсулоти муҳлаташ гузаштаро ба харидорон пешкаш мекунанд. Дар ҳоле ки Қонуни Чумхури Тоҷикистон «Дар бораи  ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ба ҳар як харидор  ҳуқуқ додааст, ки  дар бораи сифат, бехатарӣ,  муҳлат ва  дигар нуқсонҳои молу маҳсулот маълумот талаб кунанд, аммо на ҳамаи харидорон аз ин ҳуқуқи худ истифода мебаранд. Бинобар ин раёсати «Тоҷикстандарт» бо мақсади роҳ надодан ба воридшавии  маҳсулоти пастсифат ба дастурхони наврӯзии сокинони вилоят дар фурӯшгоҳҳо санҷиши навбатӣ ба роҳ монд.

Кормандони Раёсати «Тоҷикстандарт» зимни санҷиш ҳамчунин аз фурӯшандагону харидорон даъват намуданд, ки дар иҷрои вазифаву уҳдадориҳои худ масъулияти бештар эҳсос намоянд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 15 март Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон таҷлил карда мешавад. Таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон нишони он аст, ки  дар шинохт ва ҳимояи ҳуқуқи инсон дар ҷаҳон қадамҳои боэътимод гузошта мешаванд. Дар Тоҷикистон ин масъала зери назорати қатъии Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

АМИТ «Ховар»