Дар ВМКБ рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил карданд

Ба муносибати 24-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки роҳбарият ва ҳайати шахсии Раёсати мазкур, ҷузъу томҳои он, инчунин собиқадорони мақомоти корҳои дохилии вилоят ва толибилмони литсейи Оғохон дар шаҳри Хоруғ ҷамъомади идона баргузор гардид.
Тавре аз Раёсати мазкур хабар доданд, сардори РВКД дар ВМКБ Абдулваҳоб Искандарзода зикр кард, ки «Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке аз рукнҳои воқеан бунёдӣ ва муҳимтарини давлат, сипари боэътимоди Ватанамон арзёбӣ намудаанд. Артиши миллӣ ҳанӯз дар оғози ба Истиқлол расидани кишвари азизамон таъсис гардида, роҳи хеле мушкилу сангини таърихро тай карда, ҳоло қодир аст амнияти давлату миллат ва марзу буми кишварро пурра ҳифз намояд. Имрӯз мардуми шарафманди Тоҷикистон дар симои Артиши миллӣ ҳомиёни боэътимод ва муҳофизони халқу Ватан, тартибот, қонуният ва дастовардҳои Истиқлолияти худро мебинанд».
Бахшида ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зоҳир намудани маҳорату малакаи баланди касбӣ, сари вақт иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ як гурӯҳ кормандон, сарбозон ва афсарони қисми низомии 3503 қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ дар ВМКБ, Дастаи таъйиноти махсуси милитсия ва ҳайати шахсии РВКД дар ВМКБ бо рутбаҳои навбатӣ, маблағҳои пулӣ, туҳфаҳои хотиравӣ, Сипоснома ва Раҳматнома қадрдонӣ карда шуданд.