ВКД ҶТ: Дар сӯхтори бозори «Корвон» ягон нафар зарар надидааст

3 октябри соли равон тахминан соати 12:00, дар ҳаммомхонаи хусусии дохили бозори «Корвон», мансуб ба шаҳрванд Шодибек Ризоев дар вақти гузаронидани корҳои кафшергарӣ дар масоҳати 4 метри мураббаъ сӯхтор ба амал омад.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, қисми Хадамоти оташнишонии бозори «Корвон» ва дигар ҷузъу томҳои СХДО ВКД бо қабули хабар ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, онро дар масоҳати аввалааш сари вақт хомӯш карданд.

Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи ин сӯхтор ягон нафар зарар надидааст.

Нисбат ба ҳодисаи мазкур корҳои тафтишотӣ  идома доранд.

АМИТ «Ховар»