Дар Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон озмуни «Чакану атлас» баргузор гардид

Бахшида ба Рӯзи Модар миёни кормандон-бонувони мақомоти корҳои дохилии вилояти Хатлон озмуни «Чакану атлас» баргузор гардид.

Тавре аз Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар озмун сардори РВКД дар вилояти Хатлон Искандар Солеҳзода иброз дошт, ки «Зан-Модар миллат ва ҷомеаро тарбия менамояд. Дар ҷамъияти имрӯза занҳо дар баробари мардон меҳнат мекунанд ва муҳофизу таъминкунандаи тартиботи ҷамъиятӣ муаррифӣ шудани занони милитсия ҳоло мояи ифтихори аҳли ҷомеа гаштааст».

Ҳадафи асосии баргузории озмун аз тарбияи бонувон дар рӯҳияи миллӣ, эҳёи анъанаҳои миллӣ, тарғиби расму оинҳо ва ҳунарҳои мардумӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба мероси фарҳангии халқи тоҷик, тарбияи зебоипарастӣ, фарҳанги либоспӯшӣ, одоби рӯзгордорӣ, маҳорати кадбонуӣ ва баланд бардоштани мақому манзалати зан-  модар дар ҷомеа иборат буд.

Ба иттилои манбаъ, озмун аз шартҳои намоиши либосҳои миллии чакану атлас, қироати шеърхонӣ ё маҳорати суханварӣ, хондани суруд дар васфи модар ё алла ва намоиш додани ҳунарҳои мардумӣ (пешниҳоди маҳсули даст ва таомҳои миллӣ) иборат буд. Иштирокдорон бо маҳорати баланд шартҳои озмунро иҷро намуданд.

Ҳайати ҳакамон ба ҳунари занони мақомоти милитсия баҳои баланд дода, ғолибони озмунро бо ифтихорномаҳо сарфароз гардониданд.

АМИТ «Ховар»