Вазорати корҳои хориҷӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро огоҳ мекунад…

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби эълон гардидани ҳолати фавқулода дар Ҷумҳурии Қазоқистон, ки ба сард гардидани ҳаво дар якчанд манотиқи ин давлат рабт дорад, ба шаҳрвандони  Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки аз сафарҳо тавассути нақлиёти заминӣ тариқи қаламрави Қазоқистон то беҳтар гардидани вазъи обу ҳаво худдорӣ намоянд.

Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

АМИТ "Ховар"