Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ ба мувофиқа расиданд

Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ ва шарикӣ байни  якдигар ба  мувофиқа расиданд. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти  Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Президенти кумитаи олимпии Ӯзбекистон, муовини аввали президенти Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон Умед Аҳмадҷонов дар доираи сафари корӣ ба Душанбе бо роҳбарияти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Федератсияи футболи Тоҷикистон  мулоқот анҷом дод.

Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон  Рустами Эмомалӣ рӯзи чоршанбе бо муовини аввали президенти Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон Умед Аҳмадҷонов мулоқоти корӣ анҷом дод. Ҷонибҳо як қатор масъалаҳои муҳимро муҳокима карданд ва дар бораи ҳамкории доимӣ байни федератсияҳои футболи миллии ҳарду кишвар ба мувофиқа расиданд.

Роҳбарони ФФТ ва ФФУ нақшаи баргузор намудани вохӯриҳои  дӯстонаро байни дастаҳои мунтахаби гуногуни футболи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баррасӣ намуданд. Инчунин ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориро дар самти футболи занона, наврасон, футболи оммавӣ, тиббӣ, варзишӣ, таъминоти дастгирии илмӣ-техникӣ, тадрис, доварӣ ва дигар самтҳо ба роҳ монанд.

Дар доираи сафари корӣ ба Душанбе Умед Аҳмадҷонов, ки ҳамзамон президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказист, бозии даври сеюми Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2018 – ро байни дастаҳои «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Алай»-и Қирғизистон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор  тамошо намуд.

АМИТ "Ховар"