Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳри Чолпон-Ато мулоқот намуданд

Дар ҳошияи вохӯрии машваратии вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ дар шаҳри Чолпон-Ато Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Эрлан Абдилдаев 21 июл мулоқот намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷараёни вохӯрӣ маҷмӯи масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба, дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкории сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангӣ-гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Инчунин мубодилаи афкор оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бар зидди терроризму экстремизм, суръат бахшидан ба раванди делимитатсияи сарҳад, ҳалли масъалаҳои обу энергетикӣ, масъалаҳои ҳамкорӣ дар чаҳорчӯбаи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ  сурат гирифт.

Зимни мулоқот вазирони корҳои хориҷии ду кишвар татбиқ намудани созишҳоеро, ки зимни сафари Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков ба Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи феврали соли 2018 ба даст омада буданд, таъкид намуданд.

Зикр гардид, ки  рушди ҳамкории дуҷониба самти афзалиятноки сиёсати хориҷии ду кишвар боқӣ мемонад.

Зимни вохӯрӣ изҳори боварӣ карда шуд, ки  муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Қирғизистон минбаъд низ барои тавсеаи ҳамкории мутақобилан судманди ду кишвар хизмат хоҳанд кард.

АМИТ«Ховар»