Қирғизистон сокинони ду деҳаи назди марзи Тоҷикистонро ба Ботканд кӯчонд

Тоҷикистон, ҚирғизистонСокинони деҳаҳои наздимарзии Оқ-Сой ва Кӯк-Тош дар пайи ҷанҷоли марзӣ ба Ботканд кӯчонида шуданд. Тавре АМИТ «Ховар» навиштааст, дар ин бора «Sputnik Қирғизистон» бо истинод ба  хадамоти матбуоти Ҳукумати Қиғизистон хабар медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, ин дар ҳолест, ки гуфтушунидҳои ҳайъатҳои Тоҷикистону Қирғизистон идома доранд.

«Гуфтушунидҳо шоми 14 март дар деҳаи Кӯк-Тоши ҷамоати Оқ-Саройи ноҳияи Ботканд тақрибан як соат давом карданд», — тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Ҳайъати Тоҷикистонро муовини Сарвазири кишвар Азим Ибориҳим ва ҳайъати Қирғизистонро муовини Сарвазири кишвар Ҷаниш Разақов роҳбарӣ мекунанд.

«Дар рафти гуфтушунидҳо тамоми масъалаҳои доғ баррасӣ шуданд», — менависад манбаъ.

Дафтари матбуоти ҳукумати Қирғизистон хабар додааст, ки шоми 14 март, соатҳои 21:00 сокинони деҳаи Оқ-Сой ва Кӯк-Тош ба воситаи автобус ва худравҳо ба шаҳри Ботканд интиқол дода шуданд. Онҳоро дар мактаб ва яке аз хонаҳои кӯчаи Айтматов ҷой додаанд.

«Мақомоти маҳаллӣ ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом медиҳанд», — афзудааст дафтари матбуоти ҳукумати Қирғизистон.

Тавре дирӯз АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази матбуоти  Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар дод,  13-уми марти соли 2019 дар минтақаи Ворухи шаҳри Исфара ҷониби Қирғизистон бар хилофи қарордодҳои дуҷониба  сохтмони роҳи «Коктош-Оқсой-Тамдиқ»-ро оғоз намуд. Ба ин иқдоми ҷониби қирғиз сокинони ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара эътироз намуданд, ки дар навбати худ ҷониби қирғиз ба тарафи сокинони ҷамоати деҳоти Ворух бо истифода аз силоҳи оташфишон тир холӣ карданд. Дар баробари ин мақомоти қудратии Қирғизистон роҳи «Исфара-Ворух»-ро баста, ҳаракати воситаҳои нақлиёти шаҳрвандони ҶТ-ро қатъ намуданд. Дар ин ҷо, сарҳадбонони қирғиз 2 автомашинаи тамғаи «Газел»-ро бо 30 нафар мусофирон, ки ба шаҳрвандони ҶТ тааллуқ доранд, дар отряди сарҳадии «Оқсой» гаравгон гирифтанд.  Дар ҷамоати деҳоти Ворух 50-60 нафар шаҳрвандони қирғиз бо роҳбарии муовини раиси ҷамоати деҳоти Оқсойи ноҳияи Боткен Жалчиев Эркин омада, тарафи сокинони ҷамоати деҳоти Ворух сангпартоӣ карданд, ки дар натиҷа 11 нафар шаҳрвандони ҶТ ҷароҳатҳои гуногуни вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона интиқол дода шуданд.

Дар ҳудуди деҳаи Хоҷа Аълои ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ аз тарафи шаҳрвандони ҶҚ силоҳи шикорӣ истифода гардид, ки дар натиҷа шаҳрванди ҶТ Ҳакимов Ҳусейн, соли таваллудаш 1976, сокини маҳаллаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ аз қисмати дилаш захмӣ шуда, дар беморхона ба ҳалокат расид. Инчунин, нозири калони минтақавӣ лейтенанти калони милитсия Авеззода Саидшариф аз қисми рони пой, шаҳрвандон Атамов Мақсадҷон, соли таваллудаш 1973, сокини маҳаллаи Тагисада аз қисмати сараш ва Аюбов Раҳим, соли таваллудаш 1973, сокини деҳаи Хоҷа Аълои ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ аз пояш захмӣ шуданд. Ҳамзамон дар натиҷаи сангпартоӣ сокини маҳаллаи Муъминободи ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ Соҳибов Раҳмониддин, соли таваллудаш 1984 ҷароҳат бардошт. Инчунин, аз тарафи шаҳрвандони ҶҚ анбори шаҳрванд Муллоҷонов Абдумаҷид, сокини деҳаи Хоҷаи Аъло ва осиёби маҳаллаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ оташ зада шуд.

Бино ба иттилои Маркази матбуоти Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ,  новобаста аз чораҳои андешидашуда  вазъият дар марзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон то охири рӯз мураккаб боқӣ  монд.

14 март шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон, сокинони деҳаи Оқсойи ноҳияи Ботканд, ки дар даромадгоҳи ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара қарор доштанд, монеи гуфтушуниди ҳайатҳо гардиданд.

Тахминан соати 15:30 дақиқа сокинони деҳаи Оқсойи ҶҚ, ки дар ҳудуди ҷамоати Ворух ҷамъ омада, роҳҳоро баста буданд, бе асос ба тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон сангпартоӣ намуданд. Шаҳрвандони ҶТ маҷбур шуданд, ки аз худ дифоъ карда,  ба сокинони вилояти Ботканд ҷавоб гардонанд. Сипас, сарҳадбонони мусаллаҳи қирғиз ба сӯи шаҳрвандони бесилоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тир холӣ намуданд. Дар натиҷаи ин тирпаронӣ шаҳрванди ҶТ Тешаев Расулиддин Имомбоевич, соли таваллудаш 1982, сокини маҳаллаи Тидони ҷамоати деҳоти Ворух, бинобар бардоштани ҷароҳати вазнин, ҳалок гардид.

Шаҳрванди дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳайдаров Ансориддин, соли таваллудаш 2003, сокини маҳаллаи Тидони ҷамоати деҳоти Ворух аз дасти чапаш ярадор шуда, дар беморхонаи минтақавии ҷамоати мазкур бистарӣ мебошад. Ҳамзамон, қирғизҳо ба манзили истиқоматии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Зайниева Мавлуда, соли таваллудаш 1970 ва Воҳидов Абдуманон, соли таваллудаш 1955, сокинони ҷамоати деҳоти Ворух ҳамла намуда, ба онҳо осеби ҷисмонӣ расониданд.

Бино ба иттилои Маркази матбуоти Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ,  аз ҷониби шаҳрвандони Қирғизистон ва Қӯшунҳои сарҳадии ин кишвар ҳолатҳои дағалона вайрон кардани режими сарҳадӣ, итоат накардан ба сохторҳои марбути он давлат, ки боиси тавлиди ташаннуҷ, беназмӣ ва оқибатҳои хавфнок дар сарҳади давлатӣ мегардад, бараъло ба назар мерасад.

Феълан вазъият ба эътидол омада, таҳти назорати ҷиддии қувваҳои сарҳадии ҳарду кишвар қарор дорад.

АМИТ «Ховар»