Қирғизистон

Сооронбой Жээнбеков: «Қирғизистону Тоҷикистонро риштаҳои қавии дӯстӣ ба ҳам мепайванданд»

«Қирғизистону Тоҷикистонро риштаҳои қавии дӯстӣ ба ҳам мепайванданд. Мо тамоми маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории дарозмуддатро муҳокима ва ба мавзуъҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ таваҷҷуҳ зоҳир намудем. Мо масъалаҳои муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, амнияти минтақавӣ ва ҳамкорӣ, инчунин робитаҳоро дар соҳаи обу энергетика муфассал муҳокима намудем», — изҳор дошт Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков пас аз анҷоми мулоқоту музокирот дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Эмомалӣ Раҳмон: «Шарикии Тоҷикистону Қирғизистон минбаъд низ бемайлон ба манфиати кишварҳоямон ва ҳамаи минтақа рушд мекунад»

«Шарикии Тоҷикистону Қирғизистон минбаъд низ бемайлон ба манфиати кишварҳоямон ва ҳамаи минтақа рушд мекунад», — изҳор доштанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз мулоқоту музокирот бо Президент Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков.

Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт

Имрӯз дар доираи сафари расмии худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, ки дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт ҷойгир аст, гулчамбар гузошт.

Дар ин маросим меҳмони олимақомро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.

АМИТ "Ховар"

Страницы