Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон мулоқот намуд

26 январи соли 2018 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Саидикром Ниёзхоҷаевро, ки ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи 12-уми “Муколамаи Осиёи Марказӣ+Япония” ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карда, оид ба масоили минтақавию байналмилалӣ табодули афкор намуданд.

АМИТ "Ховар"