«90 фисади анборҳои нигоҳдории маводи гӯштӣ дар мамлакат ғайристандартӣ буда, ба ягон талабот ҷавобгӯ нестанд»-бардошт аз Паёми Пешвои миллат

Бо мақсади рушди соҳаи парандапарварӣ дар кишвар ва таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ ҷорӣ кардани чораҳои ҳавасмандгардонӣ ва имтиёзҳо доир ба андоз заруранд. Ин нуктаро  дирӯз  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ирсоли Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ баён доштанд.

Зикр шуд, ки дар робита ба ин, соҳаи парандапарварӣ оид ба истеҳсоли маҳсулоти озуқа яке аз самтҳои афзалиятнок эълон гардида, воридоти технологияву таҷҳизот ва мавод барои таъминоти соҳа аз ҳамаи андозу пардохтҳо озод карда шаванд.

Сарвари давлат инҷунин   изҳори нигаронӣ карданд, ки ҳамасола аз хориҷи кишвар    аз 36 то  40 ҳазор тона гӯшти мурғ ворид мешавад, ки ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ нестанд.

Пешвои миллат бо изҳори нигаронӣ гуфтанд, ки  90 фисади анборҳои нигоҳдории маводи гӯштӣ дар мамлакат ғайристандартӣ буда,  ба ягон талабот ҷавобгӯ нестанд.  Дар баробари ин, технологияи нигоҳдории маҳсулоти гӯштӣ дар сатҳи зарурӣ ва тибқи меъёрҳои қабулшуда таъмин нагардидааст ва соҳибкоронро зарур аст, ки дар ин самт низ чораҷӯӣ намоянд.

ДАР АКС: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 2014 корхонаи нави парандапарвариеро ифтитоҳ намуданд, ки аз 7 мурғхона барои парвариши чӯҷаҳо, инкубатор ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.

АМИТ "Ховар"