Вакилон масъалаи вусъат бахшидани ҳисоббаробаркунии ғаӣринақдиро баррасӣ намуданд

Муҳаммадато СултоновМасъалаи вусъат бахшидани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар муомилоти пулии Тоҷикистон имрӯз зимни баргузории «Хониши парлумонӣ» аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима гардид.

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, «Хониши парлумонӣ» таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон Абдуҷаббор Азизӣ доир гардида, дар он вакилони мардумӣ ва роҳбарони як қатор вазорату кумитаҳои дахлдори мамлакат иштирок намуданд.

«Яке аз масъалаҳои муҳими таъмини шаффофияти амалиётҳои молиявӣ дар иқтисодиёти мамлакат, коҳиш додани ҳиссаи иқтисодиёти ғайрирасмӣ ва зиёд намудани воридшавии андозҳо  ба буҷети давлат — ин бештар намудани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ мебошад», — иброз дошт муовини  Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳамидулло Машрабзода дар назди вакилони мардумӣ.

Зикр шуд, ки ҳоло дар мамлакат ташкилотҳои қарзии маҳаллӣ, аз қабили БДА ҶТ «Амонатбонк», ҶСП «Бонки байналмилалии Тоҷикистон», ҶСП «Спитамен Бонк», ҶСК ТАҚХ «Алиф-Сармоя», ҶСП ТАҚХ «Ҳумо», ҶДММ ТАҚХ «Душанбе Сити» ва ғайра фаъолият дошта, дар кори ҳамарӯза аз технологияҳои муосири пардохтӣ истифода мебаранд.

«Вазорату идора ва корхонаву муассисаҳои Тоҷикистон оид ба ҷорӣ намудани технологияи муосир барои пардохти ғайринақдӣ тадбирҳои зарурӣ андешиданд. Ҳоло  пардохти ғайринақдии ҳаққи истифодаи қувваи барқ, об, хизматрасониҳои коммуналӣ, нақлиёти ҷамъиятӣ, алоқа ва як зумра  андозҳо ва дигар намудҳои хизматрасонӣ татбиқ карда шудаанд», — илова намуд манбаъ.

Мавриди зикр аст, ки бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз соли 2018 пардохти хизмати нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахт ба таври ғайринақдӣ гузаронида шуд.

АМИТ «Ховар»