Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ моҳи январи соли 2021 пешниҳод мегардад

Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» моҳи январи соли 2021 пешниҳод мегардад. Дар ин бора имрӯз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод.

Паёми Президент ба Парлумон – муроҷиати оммавии анъанавии ҳамасолаи Сарвари давлат ба ҳарду палатаи Парлумон аст, ки вазъи корҳоро дар мамлакат арзёбӣ намуда, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро муайян мекунад.

Ёдовар мешавем, ки Паёми қаблии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2019 пешниҳод шуда буд. Ҷаласаи якҷояи Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Кохи Сомон»-и пойтахт баргузор шуда, беш аз ду соат идома ёфта буд. Дар баробари вакилондар ин ҷаласа роҳбарони тамоми вазорату идораҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон даъват шуда буданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: