Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар боғҳои пойтахт чорабиниҳои фарҳангӣ доир мегарданд

Ба ифтихори 19-умин солгарди  Ваҳдати миллии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе 27 июни соли равон дар боғҳои фарҳангу фароғатии пойтахт чорабиниҳои фарҳангиро ба нақша гирифтааст.
Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги кишвар, тибқи нақша ҳунарпешагони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ дар якҷоягӣ бо ансамбли «Сомон» дар майдони «800-солагии Маскав», гурӯҳҳои ҳунарии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев дар боғи фарҳангу фароғатии «Кӯли ҷавонон» ва Иттиҳодияи давлати гурӯҳҳои эҷодиву консертӣ дар боғи фарҳангу фароғатии «Дӯстии халқҳо» ҳунарнамоӣ мекунанд.

Tags: