ТОҶИКОН ВА ӮЗБЕКОН: ДӮСТӢ БИМОНАД ҶОВИДОН. Ҳайати кишвари ҳамсоя таҳти роҳбарии Сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов дар Душанбе қарор дорад

Тавре қаблан хабар додем, имрӯз ҳайати Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти роҳбарии Сарвазири ин кишвар Абдулло Орипов ба Душанбе омад. Ба ҳайати мазкур як гурӯҳ вазирон, роҳбарони кумитаҳои давлатӣ, муовинони вазирон, инчунин роҳбарони ширкатҳои пешрафтаи Ӯзбекистон шомиланд. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олимақомро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.

Ин лаҳзаҳо дар Қароргоҳии ҳукуматӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 7-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ҷараён дорад. Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ҷаласаро сарвазирони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон — Коҳир Расулзода ва Абдулло Орипов раисӣ мекунанд.

Интизор меравад, ки зимни ҷаласа масъалаҳои тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, нақлиёт ва коммуникатсия, энергетика, кишоварзӣ ва идоракунии об, инчунин дар соҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок баррасӣ карда мешаванд.

Инчунин дар доираи сафари ҳайати Ӯзбекистон ба Тоҷикистон баргузории форуми соҳибкорон ва ҷаласаи Шӯрои соҳибкорон дар назар аст.

Имрӯз пас аз зӯҳр мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати Ӯзбекистон дар назар дошта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки 28 сентябр дар Душанбе мулоқоти Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ва муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Дониёр Қодиров доир шуд.

Дар баробари ин, ду рӯз қабл намояндагони соҳаи фарҳанг ва санъати Ӯзбекистон бо роҳбарии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков ба Тоҷикистон ташриф оварданд. Ба гурӯҳи меҳмонони ӯзбекистонӣ роҳбари Академияи рассомии Ӯзбекистон Акмал Нур, ректори Консерваторияи давлатӣ Камолиддин Уринбоев, директори Театри драма ва мазҳакаи ба номи Муқимӣ Мирзо Азизов ва дигар намояндагони аҳли эҷод шомил буданд.

Ҳадафи ҳамаи ин сафарҳо тавсеаи ҳамкории ду давлати бародар дар ҳама соҳаҳо мебошад.

Мавриди зикр аст, ки муносибатҳои ду мамлакат ба шарофати кӯшишҳои сарони ду давлат — Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев густариш меёбанд. Сафарҳои таърихии муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон моҳи марти соли 2018 ва муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон моҳи сентябри ҳамон сол дар таърихи муносибатҳои ду мамлакат саҳифаи нав боз намуда, барои ҳалли маҷмӯи мушкилоти ҷамъшуда байни ду давлат шароити мусоид фароҳам овард. Солҳои охир муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ба сатҳи сифатан нав расида, дар шароити дӯстона ва бародарона устуворона барои дарозмуддат рушд мекунад.

Созишномаҳо ба имзо расиданд, ҳамкории дуҷониба густариш меёбад, ташрифҳои ҳайатҳои тиҷоратии ду давлат амалӣ мешаванд ва робитаҳо дар соҳаи фарҳангию гуманитарӣ тавсеа меёбанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: