«Дарахти дӯстӣ биншон…»-иқдоми 75 рӯзи ниҳолшинонии ҷавонон дар Хуҷанд

7 январ дар доираи иқдоми ҷумхуриявии 75 рӯзи ниҳолшинонии ҷавонон таҳти унвони «Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад!» дар ҳамаи муассисаҳои варзишии шаҳри Хуҷанд шанбегии умумишаҳрӣ баргузор гардид.
Иқдоми мазкур вобаста ба дастури шаҳрдори Хуҷанд Шариф Шарифзода ва эълони иқдоми ҷумхуриявии 75 рӯзи ниҳолшинонии ҷавонон ва ҳамчунин бахшида ба эълони соли 2017 соли ҷавонон рӯи кор омада, ҳадафи он ба анҷом расондани корҳои ободонӣ ва ниҳолшинонӣ дар ҳудуди муассисаҳои варзишӣ буд.
Дар ин рӯз дар 6 мактаби варзишӣ ва варзишгоҳи «Спартак»-и маркази вилоят зиёда аз 230 нафар ҷавонон, варзишгарон, мураббиён ва кормандони муассисаҳои мазкур иштирок намуда, атрофи мактабҳо ва ҷӯйбору майдонҳоро аз алафҳои бегона тоза намуданд. Ҳашарчиён дарахту буттаҳоро ба тартиб дароварда, зиёда аз 50 дона дарахти ҳамешасабзу ороишӣ шинониданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: