Ифтитоҳи бинои маъмурии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим

Дар доираи боздиди корӣ аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар рӯзи сеюми сафар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Ишкошим дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои нави маъмурии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия иштирок намуд.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти иншооти зикршуда, ки бо тарҳу шакли тоза ва мувофиқ ба меъёрҳои сохтмонӣ дар маркази ноҳия қомат афрохтааст, оғози расмӣ бахшид ва сокинони ноҳияро ба муносибати солгарди навбатии Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳният гуфт.
Сипас Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон вориди бинои нав гардида, ба сатҳу сифати корҳои анҷомёфтаи сохтмонӣ аз наздик шинос шуд. Зикр рафт, ки бинои кӯҳнаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим ҳанӯз солҳои панҷоҳуми асри гузашта бунёд ёфта буд ва ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ набуд.
Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони бинои нави маъмурии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 2012 оғоз гардида, лоиҳаи онро Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи Пажӯҳишгоҳи илмӣ ва лоиҳакашию тадқиқотии САНИИОСП» таҳия кардааст. Фармоишгари он Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Корҳои сохтмониро бошад пудрачиён ҶДММ “Ориёно –Сорво”, ҶДММ “Ҷовид”, ҶДММ “Карим К”, ҶДММ “Амир Ҳамза” ва ҶДММ “Насби Нур” ба уҳда доранд.
Барои сохтмон ва ҷиҳозонидани иншооти хуштарҳу замонавии сеошёна- бинои нави маъмурии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим, наздики 10 миллион сомонӣ маблағ сарф шудааст. Мақсад аз амалисозии ин лоиҳа беҳтар сохтани шароити фаъолият барои хизматчиёни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия маънидод гардид.
Хабар дода шуд, ки масоҳати умумии бинои нави маъмурии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим – 2 ҳазору 750 метри мураббаъ буда, аз 3 ошёна ва 36 ҳуҷраи корӣ, даҳлез-миёнсарой, ҳуҷраҳои ёрирасон ва ҷойи либоскашӣ иборат мебошад ва дар онҳо ҳамаи шароити фаъолият фароҳам оварда шудааст. Дар ҳамин бино, инчунин толори калони маҷлисгоҳ барои 180 ҷойи нишаст ва ҳуҷраҳои ёрирасон ҷойгир карда шудааст.
Ҳангоми ошноӣ пайдо кардан бо шароитҳои корӣ дар бинои нави маъмурии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, бобати анҷоми фаъолияти садоқатмандона ба нафъи халқу ватан, ба кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дастуру супоришҳои муфид дод.