Тоҷикистон ва Беларус масъалаҳои афзалиятнокро дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ муҳокима намуданд

ТВТ. 11.06.2022. Дар пойтахти Беларус — шаҳри Минск ҷаласаи 15-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар доираи ҷаласа гуфтушуниди ҳамраисони Комиссия — Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Каримзода ва Вазири хоҷагии деҳоти Ҷумҳурии Беларус Игор Брило баргузор гардид, ки дар он мусоҳибон оид ба масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, тиҷорат, сармоягузорӣ, нақлиёт, интиқоли бор, маориф, илм ва сайёҳӣ мубодилаи афкор намуданд.

Дар ҷаласаи 15-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус, ки дар кори он намояндагони муассисаҳои ҳукуматӣ ва доираҳои тиҷоратии ҳарду кишвар иштирок доштанд, таҳкими ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Беларус дар соҳаҳои тиҷорат ва иқтисод, комплекси агросаноатӣ, саноат, нақлиёт, сохтмон, энергетика, маориф ва тандурустӣ баррасӣ гардиданд.

Аз натиҷаи ҷаласа Протоколи ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ ва созишномаи умумӣ байни БДА «Амонатбонк» ва ҶСК «Бонки рушди Белорус» Созишномаи умумӣ оид ба маблағгузории содиротӣ ба имзо расонида шуд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Tags: