Дар рӯзи аввали зимистон ҳавои Тоҷикистон офтобӣ мешавад

Имрӯз, 1 декабр дар рӯзи аввали зимистон дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шудааст.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд, 1 декабр ҳаво дар қаламрави ҷумҳурӣ рӯзона то 8 дараҷа гарм шуда, шабона то 3 дараҷа хунук хоҳад шуд.
Аз ҷумла, бар асоси пешгӯии обуҳавошиносон, ҳарорати ҳаво дар Суғд то 5-7 дараҷа, Хатлон 6 -9 дараҷа, навоҳии тобеи марказ 3 -6 дараҷа ва дар ғарби ВМКБ то — 1+4 дараҷа гарм хоҳад шуд.

АМИТ «Ховар»/

Tags: