Ярмаркаи VI байналмилалии савдо «Суғд-2019» тоҷирони кишварҳои дуру наздикро ба ҳам меорад

Суғд-201921 -22 июни соли равон дар маркази вилояти Суғд — шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи VI байналмилалии савдо «Суғд-2019» баргузор мегардад.

Ба иттилои хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд, дар доираи ярмарка форуми тиҷоратию сармоягузорӣ ва озмуни вилоятии «Маҳсулоти беҳтарин» низ ба нақша гирифта шудааст.

Мақсади баргузории ярмарка рушди ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ, баланд бардоштани неруи содиротӣ ва ҷалби сармоягузориву воридоти технологияҳои муосир мебошад. Ярмаркаи VI байналмилалии савдо «Суғд-2019» дар Муассисаи давлатии «Қасри варзиш»-и маркази вилоят гузаронида мешавад.

Дар назар аст, ки дар ярмаркаи байналмилалии савдо соҳибкорон аз вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе Федератсияи Россия, Аморати Муттаҳидаи Араб, Кореяи Ҷанубӣ, кишварҳои Осиёи Марказӣ маҳсулоти худро ба намоиш гузоранд.

АМИТ «Ховар»