ТОҶИКИСТОН СОЛ БА СОЛ РУШД МЕКУНАД. Кишвари мо дар раддабандии ҷаҳонии The 2021 Legatum Prosperity Index боз боло баромад

ТВТ.18.08.2022. Тоҷикистон ба раддабандии ҷаҳонии кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон The ​​2021 Legatum Prosperity Index шомил шуд, хабар медиҳад АМИТ Ховар бо истинод ба сомонаи ширкати таҳлилии британиягии Legatum Institute.

Тибқи раддабандӣ, соли 2021 ҷумҳурӣ ду зина боло баромада, миёни 167 кишвари ҷаҳон мақоми 110-умро соҳиб гардид.

Ҷойи аввалро дар The 2021 Legatum Prosperity Index Дания, ҷои дуюмро Норвегия ва сеюмро Шветсия гирифтанд.

“Аз 167 кишвари ба ин раддабандӣ дохилшуда 147 кишвар нишондиҳандаҳои рушди шукуфоию пешрафтро дар даҳсолаи охир нишон дода, барои рафъи пандемияи кунунӣ заминаи мустаҳкам фароҳам меоранд”,- таъкид намудааст Legatum Institute.

Зикр шудааст, ки зимни таҳияи раддабандӣ муҳаққиқон 12 нишондиҳанда, аз ҷумла тандурустӣ, маориф, дастрасӣ ба бозор ва инфрасохтор, сатҳи зиндагии аҳолӣ, сармояи иҷтимоӣ, фазои сармоягузорӣ ва ғайраро ба назар гирифтаанд.

Аз соли 2011 Тоҷикистон дар ҷадвали раддабандӣ 5 зина боло баромадааст.

«Тоҷикистон аз рӯи сармояи иҷтимоӣ ва таъмини амният баландтарин холҳо, вале аз рӯи озодии шахсӣ заифтарин холҳо дорад. Бузургтарин пешрафт нисбат ба даҳ соли пеш дар муҳити фаъолияти корхонаҳо ба амал омадааст. Ҳамчунин Тоҷикистон нишондиҳандаҳои худро аз лиҳози чунин меъёрҳо, аз қабили шароити корхонаҳо ва фазои сармоягузорӣ беҳтар кардааст»,-чунин меҳисобанд дар ширкати бритониягӣ.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон соли 2020 дар раддабандии The Legatum Prosperity Index дар ҷои 112-ум ва соли 2019 дар мавқеи 114-ум қарор дошт.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Tags: