Номаи тасаллияти Сироҷидин Аслов дар робита ба қатли Сафири Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Туркия

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Аслов ба ҳамтои россиягии худ С. Лавров номае ирсол намуд, ки дар он ҷониби Тоҷикистон фоҷиаи дар шаҳри Анкара рухдодаро сахт маҳкум менамояд. Қатли Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Туркия Андрей Карлов амали ғайриинсонӣ буда, ба вайрон намудани тамоми меъёр ва қоидаҳои тартиботи ҷаҳони мутамаддин равона карда шудааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
«Ин амали ваҳшиёна бевосита ба мушкилоти умумиинсонӣ, аз қабили терроризм ва экстремизм вобастагӣ дошта, дар мубориза бар зидди он Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия мавқеи ягона доранд. Ҳамкории ду кишвар дар масъалаҳои мубориза бар зидди чунин чолишҳо, дар муносибатҳои дуҷониба мақоми афзалиятнок доранд. Зикр гардид, ки дар оянда низ ҷиҳати таҳкими талошҳои муштарак дар сатҳи дуҷонибаву бисёрҷониба тамоми тадбирҳои имконпазир андешида мешаванд»,- гуфта мешавад дар нома.
Дар хотима С. Аслов изҳори ҳамдардии амиқи худро ба аҳли хонавода ва наздикони дипломат, ки то охирин лаҳзаи ҳаёташ дар хизмати халқу кишвараш буд, баён намуд.

Tags: