Хонандагони тоҷик дар Малайзия соҳиби Шоҳҷоиза гаштанд

Тибқи иттилои роҳбарияти Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо»-и назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Пинанги давлати Малайзия Олимпиадаи байналмилалии лоиҳавӣ аз фанни технологияи иттилоотӣ баргузор гардид. Дар он 19 нафар хонандагони болаёқати муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ бо пешниҳоди 9 лоиҳа иштирок намуданд.
Лоиҳаҳои пешниҳоднамудаи хонандагони тоҷик сазовори Шоҳҷоиза, 2 медали тилло, 14 медали нуқра ва 6 медали биринҷӣ гардиданд.
Хонандагон-иштирокчиёни олимпиадаро шоми 22 апрел дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо шукӯҳу шаҳомати хос пешвоз гирифтанд.

АМИТ "Ховар"

Tags: