Тоҷикистон дар Фестивали театрҳои касбӣ дар Бишкек асари Чингиз Айтматовро намоиш медиҳад

Моҳи октябри соли 2018 дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон Фестивали театрҳои касбӣ баргузор мегардад, ки дар он ҳайати эҷодии Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар бо намоиши  «Қиёмат» иштирок хоҳанд кард. Дар ин бора аз Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, Фестивали мазкур ба 90-солагии нависандаи машҳури қирғиз Чингиз Айтматов бахшида шудааст. Ба ҳамин хотир ҳунармандони Театри мусиқӣ- мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов намоиши «Қиёмат»-ро аз рӯи асари ин нависандаи барҷаста таҳия намуда истодаанд.

Коргардони намоишнома Парвиз Раҷабов буда, дар он Ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Аловуддин Абдуллоев, Меҳринисо Ҳоҷибоева, Ҳунарпешаҳои шоистаи Тоҷикистон Муҳаммад Шомиддинов, Қурбонмуҳаммад Шукуров ва чанде аз ҳунармадони ҷавони театр нақшофарӣ мекунанд.

АМИТ «Ховар»