ИМРӮЗ ДАР БИШКЕК ҶАЛАСАИ АСОСИИ САММИТИ СҲШ БАРГУЗОР МЕШАВАД. Дирӯз барои иштирокдорони вохӯрӣ таҳти унвони «Корвони дӯстӣ» консерт доир шуд, ки дар он суруду оҳангҳои тоҷикӣ низ садо доданд

Тавре қаблан иттилоъ додем, субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ— Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки 14 июн дар Қароргоҳи давлатии «Ала—Арча»-и пойтахти Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мешавад, ба шаҳри Бишкек сафар карданд.

«Дирӯз, 13 июн Саммити СҲШ дар пойтахти Қирғизистон ифтитоҳ ёфт. Дар Филармонияи миллии ба номи «Сотилганов»-и Ҷумҳурии Қирғизистон аз рӯи анъана барои иштирокдорони вохӯрии сарони давлатҳои аъзои СҲШ консерти бошукӯҳи тантанавӣ таҳти унвони «Корвони дӯстӣ» баргузор шуд, ки дар он сарони давлатҳои аъзо ва нозирони СҲШ ширкат варзиданд»,- хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Фарҳанг ва санъат воситаи муҳимтарини наздикшавӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ миёни халқҳо буда, бо ҳадафҳои Созмони Ҳамкории Шанхай мувофиқ мебошанд.

Ба меҳмонони олиқадр барномаи консертӣ пешниҳод гардид, ки сурудҳо ва рақсҳои миллии халқҳои минтақаро дар бар мегирифт. Дар он  сурудҳо ва оҳангҳои тоҷикӣ низ садо доданд.

Имрӯз, 14 июн дар Қароргоҳи давлатии «Ала-Арча» чорабинии асосии Саммит – ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ баргузор мегардад. Барои иштирок дар он сарони ҳамаи давлатҳои аъзои СҲШ — Россия, Қазоқистон, Чин, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Покистон дар Бишкек ҷамъ омадаанд. Президентҳои Афғонистон, Беларус, Эрон ва Муғулистон дар ин чорабинӣ ба сифати нозир ширкат меварзанд. Ба вохӯрии мазкур барои имзо тақрибан 20 санади ҷамъбастӣ омода гардидааст.

Сарони давлатҳо 14 санад, аз ҷумла 13 қарор ва Эъломияи Бишкекии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ-ро имзо мекунанд. Дар фарҷоми вохӯрӣ ҳамчунин Паёми иттилоотӣ бидуни имзо қабул карда мешавад. Илова бар ин, дар доираи вохӯрӣ имзои 7 санад оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои ВАО, варзиш, тандурустӣ, густариши робитаҳои байналмилалии СҲШ ва тақвияти ҳамгироӣ дар доираи Гурӯҳи тамоси «СҲШ ва ҶИА» дар назар аст.

Миёни санадҳое, ки дар назар аст дар Бишкек ба имзо расанд, санад оид ба ташаббусҳои Қазоқистон, ки ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои тандурустӣ, рақамикунонӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, ҳамгироии СҲШ бо Маркази байналмилалии молиявӣ «Остона», фаъолияти минбаъдаи Гурӯҳи тамоси «СҲШ-Афғонистон» равона шудаанд, низ мебошад. Раёсат дар Созмон барои 2019-2020 ба Федератсияи Россия мегузарад.

Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ соли 2020 дар Россия баргузор мегардад.

Ёдовар мешавем, ки соли 2001 сарони давлатҳои Россия, Чин, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон СҲШ-ро таъсис доданд. Пас аз ним даҳсола Ҳиндустон ва Покистон ба он ҳамроҳ шуданд. Ҳамин тариқ, ҳоло 8 давлат — Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Покистон, Россия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аъзои СҲШ мебошанд. 4 давлат — Афғонистон, Беларус, Эрон ва Муғулистон дорои мақоми нозир мебошанд.

Пас аз Бишкек, сарони давлатҳои аъзои СҲШ ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе, ки дар он рӯзҳои 14-15 июн панҷумин Саммити сарони давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё баргузор мегардад, ташриф меоранд. Ин форуми байналмилалӣ, ки барои таъмини сулҳ, амният ва субот дар Осиё таъсис ёфтааст, 27 давлатро, ки тақрибан 90 дарсади ҳудуд ва аҳолии Осиёро ташкил медиҳанд, муттаҳид намудааст. Ҳамчунин дар он 8 давлат ва 5 созмони байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, дорои мақоми нозир мебошанд.

АМИТ «Ховар»