Даври аввали Фестивал-озмуни мақомхонон-«Ганҷҳои ҳунар» ҷамъбаст гардид

Дар шаҳри Душанбе даври аввали Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии мақомхонон таҳти унвони «Ганҷҳои ҳунар» ҷамъбаст гардид.
Аз байни 7 нафар навозанда ва 16 нафар сарояндагони шашмақом 6 сароянда ва 3 навозанда ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Инчунин 3 нафар иштирокчиёни озмун бо сазовор шудан ба таваҷҷуҳи тамошобин ва қарори ҳакамон имкон пайдо намуданд, ки маҳорати худро дар даври ниҳоӣ санҷанд.
Фестивал-озмун ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо мақсади равнақу ривоҷи санъати миллӣ, эҳё ва тарғибу ташвиқи суннатҳои қадимаи ниёгон, пайдо намудани истеъдодҳои нав, беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти ансамблҳои мақомхонон дар сатҳи кишвар, арҷ гузоштан ба мероси бойи аҷдодон, баланд бардоштани завқи зебоипарастӣ, хештаншиносии наврасону ҷавонон гузаронида мешавад.
Даври ҷамъбастии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии мақомхонон таҳти унвони «Ганҷҳои ҳунар», ки нахустин таҷриба дар баргузории фестивал-озмуни мақомхонон байни ҷавонони то 27- сола аст, 5-6 март дар толори қасри фарҳанги шаҳри Турсунзода баргузор мегардад.

АМИТ «Ховар»